نظر شما چیست؟
Ҳодисаи Ошўрои Ҳусайнӣ яке аз бузургтарин ва ҷомеътарин рўйдодҳои таърихӣ аст ва дар он ба нукоти зариф ва рухдодҳои дақиқи ҳодисаи Карбало ишора шудааст ва камтарин рухдодеро дар таърих ва хусусан дар ҷангҳои асри Расули Худо (с) ва пас аз он меёбем, ки дар он ба ин нукоти зариф ишора шуда бошад.
Аз боби намуна, дар ҷангномаҳое, ки ҳодиса ва наҳзати азими Ошўроро ба нигориш даровардаанд мебинем, ки раҷазҳо ва шеърҳои ҳамосӣ, ки Имом Ҳусайн (а) ҳангоми мубориза ва ё дар вақти эроди хутба иншо ё иншод намудаанд сабт шуда ва низ шеърҳо ва раҷазҳои асҳобу ёрони Имом (а), ки ин гуна ҷузъиёт дар ҷангҳо камтар мавриди таваҷҷўҳ қарор гирифтааст. Ва ҳамчунин номи асҳоби Имом (а) ва номи касоне аст, ки онҳоро ба қатл расонидаанд ва тартиби шаҳодат ва ба майдон рафтани онон ва ё ҷумлаҳое, ки Имом (а) бар болини онҳо фармудааст ва ё хутбаҳо ва суханрониҳои Аҳли Байт (а) дар тўли сафару замони асорат.
صفحات کتاب :
412
کنگره :
‫‬‮‭BP195‫‬‮‭/م78ق6043 1387
دیویی :
‫‬‮‭297/375
کتابشناسی ملی :
1913653‬
شابک :
‭978-964-195-020-2
کد کتاب :
BP0126

کتاب های مشابه ҚИССАИ КАРБАЛО